User:Tojdor/Лолаи Тур
{{poemx|Лолаи Тур|Туро як нуктаи сарбаста гӯям,
Агар дарси ҳаёт аз ман бигирӣ.
Бимирӣ, гар ба тан ҷоне надорӣ
В-агар ҷоне ба тан дорӣ, намирӣ.
Агар кардӣ нигаҳ бар пораи санг,
Зи файзи орзуи ту гуҳар шуд.
Ба зар худро масанҷ, эй бандаи зар,
Ки зар аз гӯшаи чашми ту зар шуд.
Шаҳиди нози ӯ базми вуҷуд аст,
Ниёз андар ниҳоди ҳасту буд аст.
Намебинӣ, ки аз меҳри фалактоб
Ба симои саҳар доғи суҷуд аст.
Дили ман равшан аз сӯзи дарун аст,
Ҷаҳонбин чашми ман аз ашки хун аст.
Зи рамзи зиндагӣ бегонатар бод,
Касе, к-ӯ ишқро гӯяд ҷунун аст.
Ба боғбон боди фарвардин диҳад ишқ,
Ба роғон ғунча чун Парвин диҳад ишқ.
Шуъои меҳри ӯ қулзумшикоф аст,
Ба моҳӣ дидаи раҳбин диҳад ишқ.
Уқобонро баҳои кам ниҳад ишқ,
Тазарвонро ба бозон сар диҳад ишқ.
Нигаҳ дорад дили мо хештанро,
Валекин аз каминаш барҷаҳад ишқ. ҶҷҲӮӯҚқҒғҳӣ
|