Jump to content

Бандагӣ

From Wikisource

Бандагӣ


Дӯш дар майкада тарсобачаи[1] бодафурӯш

Гуфт: - Аз ман сухане, дор чу овеза[2] ба гӯш,

Машраби[3] бодагусорони куҳан ин будаст,

Ки ту аз майкада хезӣ ҳама мастӣ, ҳама ҳуш.

Ман нагӯям, ки фурӯ банд лаб аз нуктаи шавқ,

Адаб аз даст мадеҳ, бода ба андоза бинӯш.

Гарди роҳем, вале завқи талав ҷавҳари мост,

Бандагӣ бо ҳама ҷабрути Худоӣ мафурӯш.


Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ

  1. пайрави ойини тарсоӣ, насронӣ
  2. гӯшвор
  3. Ҷой обхӯрӣ ва обгирӣ, нӯшидангоҳ; зарфе, ки аз он об, шароб ва ғ. менӯшанд; маҷмуан: бахш, баҳра, насиба; ғоя, маслак, хулқ, атвор, хислат